Вазири корҳои хориҷӣ ба Арманистон рафт

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов имрӯз, 1 июл бо даъвати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Эдвард Налбандян барои анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арманистон сафар кард. Дар ин бора департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), дар шаҳри Ереван таҳти раёсати вазири корҳои […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов имрӯз, 1 июл бо даъвати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Эдвард Налбандян барои анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арманистон сафар кард. Дар ин бора департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), дар шаҳри Ереван таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Арманистон Эвард Налбандян санаи 4 июл ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД доир мегардад.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа масоили муҳими таъмини амнияти минтақавӣ ва байнулмилалӣ, тамоили рушди вазъ дар Афғонистон, Сурия ва дигар минтақаҳои низоъҳои мусаллаҳона, ҳамкории мутақобилаи кишварҳои узви Созмон дар арсаи байнулмилалӣ дар шароити вазъи мавҷуда дар ҷаҳон баррасӣ мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД лоиҳаи Стратегияи амнияти дастаҷамъии СААД дар давраи то соли 2025 ва ҷанбаҳои сиёсати хориҷии муқовимат ба терроризм ва ифротгароии байнулмилалиро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.