20 ҳазор сомонӣ ваъдаи вазири тандурустӣ барои ҷарроҳии Эмомиддин Холов



Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои ҷарроҳии ивази гурдаи Эмомиддин Холови 22-сола 20 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мекунад.

Насриддин Холов, бародари Эмомиддин Холов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар вохӯрии рӯзи 2 июл вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода ваъда додааст, ки 15 ҳазор сомонӣ то баргузор крадани ҷарроҳӣ ва боз 5 ҳазор сомонии дигар барои доруворӣ баъди ҷарроҳӣ ҷудо карда мешаванд. Барои ивази гурдаи ҷавон дар маҷмӯъ 100 ҳазор сомонӣ маблағ зарур аст.

Ба гуфтаи Насриддин Холов, зимни вохӯрӣ вазир ба модари Э.Холов гуфтааст, қисми ҳарбие, ки дар он писараш хизмати ҳарбиро адо мекард, бояд хароҷоти ҷарроҳиро ба дӯш гирад. Насриддин Холов бо модараш пагоҳ, 5 июл ният доранд, ки ба қабули фармондеҳи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон рафта, бо ӯ дар мавриди ин масъала ҳамсуҳбат шаванд.

Ҳар ҳафта барои

Эмомиддин Холов

ду бор гузаронидани гемодиализ зарур буда, вале ин кор муддати зиёд идома ёфта наметавонад. Барои ӯ ивази гурда зарур аст. Аввал бародари хурдии ӯ донор шудан, яъне гурдаашро ба бародараш доданӣ буд. Аммо оилаашон тасмим гирфтаанд, ки дар ин сурат вазъи солимии бародари 17-солааш ҳам бад шуда метавонад, зеро ба ин ҳолат дили падари Эмомиддин тоб оварда натавонист.

Имрӯз модараш омода аст, ки донор шавад. Тибқи ташхисҳо гурдаи ӯ барои ивазкунӣ муносиб аст, аммо барои ҷарроҳӣ дар Душанбе бо назардошти муолиҷаи баъди ҷарроҳии модару писар 100 ҳазор сомонӣ маблағ зарур мебошад.

Худи оилаи онҳо ин миқдор маблағ надошта, вазъи солимии Эмомиддин рӯз то рӯз бадтар шуда истодааст. Ҳозир барои ҷарроҳии Эмомиддин ҳамагон дастаҷамъона маблағ ҷамъоварӣ доранд. Айни замон ғайр аз маблағи ваъдакардаи Вазорати тандурустӣ, оилаи Холовҳо боз 20 ҳазор сомонии дигар маблағ дар даст доранду халос.

Қаблан 

«Азия-Плюс» хабар дода буд

, ки Эмомиддин Холови 21-сола моҳи феврали соли 2015 аз водии Рашт ба Душанбе омадаааст. Моҳи декабри соли гузашта ӯ дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки худро бад ҳис карда, ба Душанбе барои муоина омадааст. Барои рӯзгузаронӣ ва табобат Холов дар бозор ба равғанфурӯшӣ машғул будааст ва моҳи апрел ба «облава» афтидааст: ӯро аз кӯча боздошта, ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино бурдаанд.

Эмомиддин Холовро бо гурдаҳои бемор ба хизмат коршоям дониста, ба қисми ҳарбӣ дар шаҳри Хоруғ мефиристанд. Баъди ду ҳафта ӯро ӯро дар қисми тиббӣ хобонида, сипас ба госпитали ҳарбии маҳаллаи Калинин ва баъдан ба беморхонаи Қарияи Боло мефиристанд. Ахиран моҳи сентябр ба бемористони шаҳраки тиббии пойтахт бурда, барояш билети ҳарбиро бо муҳри корношоям будан ба хизмат ба дасташ медиҳанд.

Аввали моҳи марти соли равон суди гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе раиси комиссияи тиббии даъвати комисариати ҳарбии ноҳияи Сино ва табиби ин комиссияро, ки барои ба хизмати ҳарбӣ коршоям шумурдани наваскари гурдаҳояш дардманд Эмомиддин Холов айбдор карда мешаванд,

ҷарима кард.

Онҳо Э.Холовро моҳи апрели соли 2015 тариқи маҷбурӣ (облава) дар пойтахт боздошта, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда буданд.


Касоне, ки дар ин кори хайр ба Эмомиддин Холов дасти ёрӣ дароз карданианд, метавонанд бо телефонҳои зерин занг зананд: (+992) 93 873 12 18,  987 12 24 38.

spot_imgspot_img

Популярное