Сафири нави Австралия мусоидат ба рушди сатҳи ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро ваъда дод

Ахири ҳафтаи сипаришуда зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо сафири тозатаъини Австралия дар Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Маскав Питер Теш вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи ТоҷикистонуАвстралия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия, ҷонибҳо масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карда, И.Сатторов қайд […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо сафири тозатаъини Австралия дар Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Маскав Питер Теш вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи ТоҷикистонуАвстралия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия, ҷонибҳо масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карда, И.Сатторов қайд кардааст, ки дар Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди тиҷорати хурду миёна тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.

Гуфта мешавад, И.Сатторов таъкид доштааст, ки шароити мавҷуда дар Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисодиву энергетикӣ ва сайёҳиву дигар соҳаҳо ба роҳандоҳии ҳамкориҳои пурсамар миёни кишвар имкон дода, ба муносибатхои дуҷонибаи дӯстона ва барои тарафайн судманд таҳким мебахшад.

Питер Теш дар навбати худ зикр кардааст, ки аз ояндаи наздик ба президенти Тоҷикистон супурдани эътимодномааш хушнуд буда, расман ба иҷрои уҳдадориҳои худ мепардозад.

Сафири Австралия ҳамчунин изҳор доштааст, ки барои ба сатҳи нави сифатан нав баромадани ҳамкориҳо миёни кишварҳо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ, тайи 5 соли соли равон ҳаҷми умумии муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Австралия ҳудуди 40 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки 10 млн. доллари ИМА-и он ба содироти маҳслуот аз Тоҷикистон ба ин кишвар рост меояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.