Дар Душанбе анҷумани навбатии 32-юми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) доир гардид, ки дар кори он 79 вакил аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат варзида, интихоби роҳбари нави ҳизб аз ҷумлаи масъалаи асоии рӯзномаи анҷуман ба шумор мерафт.


Қобили зикр аст, ки тайи 25 соли ахир раҳбарии Ҳизби коммунистро Шодӣ Шабдолов ба уҳда дошт, ки моҳи октябри соли равон 73-сола мешавад. Дар маърӯзаи ҳисоботии худ ӯ дар бораи фаъолияти ҲКТ, мушкилоти мавҷуда дар кишвар ва ҷаҳон, ҳамчунин муносибати ҳизб бо раҳбарияти кишвар батафсил маълумот дод.
«Ахиран нокомии Ҳизби коммунист дар интихоботи парлумонии гузаштаро ба душвор шудани муносибати ман бо раҳбарияти ҷумҳурӣ нисбат медиҳанд, ки ин дурӯғе беш нест. Мо аз аввал, ҳанӯз аз замони иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ то инҷониб раҳбарияти кишварро дастгирӣ мекунем. Аммо ҳамчун роҳбари ҳизб ва вакили мардумӣ ман камбудиҳои ҳукуматро дар ҳалли баъзе масъалаҳо танқид мекардам. Масалан, ман чандин маротиба муносибати нодуруст ба раванди хусусигардониро, ки корхонаҳои замоне бузургу пуриқтидор бо нархи ночизе ба шахсони хусусӣ фурӯхта шуданду ин афрод дар навбати худ онҳоро ба харобиву касод оварда расониданд, мавриди интиқод қарор додам. Дар масъалаи замин ҳам ҳамин тавр буд», – гуфт Шодӣ Шабдолов.
Муовини раиси ҲКТ Исмоил Талбаков дар навбати худ изҳор намуд, ки тайи солҳои ахир фаъолияти ҳизб хеле суст шуда, ин омил аз ҷумла яке аз сабабҳои нокомӣ дар интихоботи парлумонии гузашта аст.
«Шумо ба хубӣ огаҳед, ки барои гузаштан ба парлумон мо раъйи кофӣ ба даст оварда будем, вале бо сабаби таҳрифи натиҷаҳои овоздиҳӣ аз курсии вакилӣ маҳрум шудем», – гуфт дар посух ба ин эрод Шабдолов ва илова намуд, ки муовини ӯ бо танқиди беасоси раҳбарият ба ҳукуматдорон маъқул шуданӣ аст.
Чанде аз вакилони анҷуман фаъолияти ҳизб дар давраи ҳисоботиро мусбат арззёбӣ намуда, вале аксаран зарурати нав шудани ҳайати раҳбарии ҳизбро қайд карданд. Аз ҷумла, намояндаи вилояти Суғд Сафаралӣ Эркаев аз коммунистон даъват ба амал овард, ки атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шаванд.
«Мо ба хизматҳои Шодӣ Шабдолов, ки замони раҳбариаш корҳои зиёдеро ба сомон расонид, қадргузорӣ мекунем, аммо интихоби раҳбари нав дар шароити кунунӣ ба нафъи ҳизб аст», – иброз дошт вакили анҷуман.
Номзадии ду нафар – Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков ба вазифаи раиси ҳизб ба овоздиҳӣ гузошта шуда, 35 нафар вакилони анҷуман ба тарафдории Исмоил Талбаков ва 22 нафар ба ҷонибдории Шодӣ Шабдолов овоз доданд. Ҳамин тариқ, Исмоил Талбаков раиси нави Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб шуд.
Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи ахири интихобот ба палатаи поёнии парлумон, ки моҳи марти соли гузашта доир гардид, Ҳизби коммунист 5% овозҳои зарурии интихобкунандагонро ба даст оварда натавониста, аз курсиҳои парлумонӣ маҳрум шуд.
Бино ба маълумоти ҲКТ, айни замон шумори аъзои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 37 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.





