Тоҷикистон ба кумаки БАТР дар баргузории ислоҳоти бахши бонкӣ ниёз дорад

Зимни вохӯрӣ бо ҳайати бонуфузи аъзои Шӯрои мудирони Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев изҳор дошт, ки имрӯз Тоҷикистон барои амалӣ намудани ислоҳоти нишонрас дар низоми бонкиии кишвар ба дастгирии амиқ ва назарраси БАТР ниёз дорад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни мулоқот Ҷ. Нуралиев […]

ASIA-Plus



Зимни вохӯрӣ бо ҳайати бонуфузи аъзои Шӯрои мудирони Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев изҳор дошт, ки имрӯз Тоҷикистон барои амалӣ намудани ислоҳоти нишонрас дар низоми бонкиии кишвар ба дастгирии амиқ ва назарраси БАТР ниёз дорад.

Бино ба

иттилои

хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни мулоқот Ҷ. Нуралиев ҳамсуҳбатонро бо вазъи феълии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва молиявии ҷумҳурӣ, бахусус фаъолияти низоми бонкӣ ошно намудааст.

«Дар ҷараёни буҳрони саросарии ҷаҳонӣ бахши молиявӣ ва бештар аз ҳама бахши бонкӣ халалпазир гаштааст. Дар робита ба ин, баъзе бонкҳои низомсози ҷумҳурӣ ба баъзе мушкилот рӯ ба рӯ шуда истодаанд. Маҳз барои ҳамин моро зарур аст, ки дар баъзе ташкилотҳои қарзӣ ислоҳот гузаронем», қайд кардааст ӯ.

Ҷамолиддин Нуралиев мудирони ин бонки машҳури аврупоииро ба ҳамкории зичу самаровар даъват намуда, аз онҳо хоҳиш кард, ки дар ҷаласаҳои навбатии Шӯрои мудирони БАТР пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд.

Мудири БАТР аз Лаҳистон, Булғория ва Албания Збигниев Хокуба дар навбати худ зикр кардааст, ки имрӯз дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди БАТР марбут ба рушд, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инфрасохтор, таҳкими идораи корпоративӣ дар бонкҳо амалӣ шуда истодаанд.

«БМТ  бо мақсади рушди низоми бонкӣ бо идораҳои гуногуни БАТР, ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ ҳамкории зич дорад. Шумо, воқеан ҳам дуруст гуфтед, ки мо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бояд якҷоя амал намоем ва дар ин ҷода аъзои Шӯрои мудирони БАТР кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод», – иброз доштааст номбурда.

Дар машварати зикршуда мудирони дигари БАТР низ иброз кардаанд, ки Тоҷикистон бешубҳа сазовор аст, ки дар ин давраи буҳронӣ ба он кумакӣ иловагӣ пешниҳод карда шавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.