Комиссияи ҳукумат оқибатҳои заминларза дар Раштро таҳқиқ мекунад

Комиссияи махсуси аз ҷониби ҳукумат таъсисёфта таҳти роҳбарии муовини нахуствазир Маҳмадтоир Зокирзода корҳои таҳқиқи оқибатҳои заминларзаи шоми рӯзи ҷумъа, 1 июл дар қаламрави ноҳияи Раштро идома медиҳад. Котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Ориф Нозимов аз ноҳияи Рашт тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ҳайати […]

ASIA-Plus



Комиссияи махсуси аз ҷониби ҳукумат таъсисёфта таҳти роҳбарии муовини нахуствазир Маҳмадтоир Зокирзода корҳои таҳқиқи оқибатҳои заминларзаи шоми рӯзи ҷумъа, 1 июл дар қаламрави ноҳияи Раштро идома медиҳад.

Котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Ориф Нозимов аз ноҳияи Рашт тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ҳайати комиссияи ҳукумат раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода, раҳбарияти Кумитаи меъмориву сохтмон ва Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ шомиланд.

«Алҳол саҳеҳ гуфта наметавонем, ки чӣ миқдор манзилу иншооти таъиноти иҷтимоӣ аз заминларза осеб дидаанд. Ҳайати комиссия аз ҳамаи деҳаҳои Рашт, ки аз ҳамдигар дар масофаи дур ҷойгир шудаанд, боздид карда истодаанд, вале аллакай дақиқан маълум аст, ки заминларза талафоти ҷонӣ дар пай надорад», – қайд кард Нозимов.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», рӯзи 1 июл дар қаламрави Тоҷикистон тақрибан соати 20:00 дақиқаи вақти маҳаллӣ заминҷунбӣ  ба амал омада, маркази зилзила дар  27-километрии шимолу шарқи маркази ноҳияи Рашт ва  165-километрии   шарқи Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Чилдараи ноҳияи Сангвор  ба қайд гирифта шудааст.

Қувваи зилзила дар маркази он 5 балро ташкил дода, дар шаҳри Душанбе қувваи он ба 2 бал баробар будааст. Бар асари ин ҳодисаи табиӣ деҳаҳои ҷамоати деҳоти Иҷборак ва Аскалон, хусусан деҳаи Ҳазорчашма зарари ҷиддӣ дида, қисме аз  манзилҳои истиқоматӣ  пурра ва бархеи дигар қисман вайрон шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.