БМТ «Тоҷпромбонк»-ро аз муфлисшавӣ наҷот медиҳад

Буҳрони молии ҷаҳонӣ Тоҷикистонро низ канор нагузошта, дар баробари баъзе дигар бонкҳо, ҶСП «БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк» низ ноустувории молиро ҳис намуд ва барои рафъи камбудиҳову роҳ надодан ба муфлисшавӣ, Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба чораҷӯӣ пардохт. Тавре аз БМТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, вазъи ноустувори молӣ дар бонкҳои кишвар, аз ҷумла дар […]

ASIA-Plus



Буҳрони молии ҷаҳонӣ Тоҷикистонро низ канор нагузошта, дар баробари баъзе дигар бонкҳо, ҶСП «БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк» низ ноустувории молиро ҳис намуд ва барои рафъи камбудиҳову роҳ надодан ба муфлисшавӣ, Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба чораҷӯӣ пардохт.

Тавре аз БМТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, вазъи ноустувори молӣ дар бонкҳои кишвар, аз ҷумла дар «Тоҷпромбонк» ба афзоиши хизматгузорӣ дар қарзҳо боис гардида, ба сармоя ва пардохтпазирӣ (ликвидность)-и ин бонк таъсири манфӣ расонид.

Бонки миллӣ рӯзи 3 май дар «Тоҷпромбонк» ба муҳлати се моҳ маъмурияти муваққатӣ таъин намуд, вале танҳо ҳозир расман инро тасдиқ карда, ба дархости расмии «Азия-Плюс» посух гуфт.

«Ин тасмим ба он хотир гирифта шуд, ки «Тоҷпромбонк» чандин маротиба муқаррароти қонунгузории бонкӣ ва дигар асноди меъёрӣ-ҳуқуқии БМТР-ро риоя накарда, ин дар навбати худ ба заъиф шудани вазъи бонк ва норозигии саҳмдорони он боис гардид», – шарҳ доданд ин масъаларо дар Бонки миллӣ.

Ба иттилои манбаъ, бо мақсади муайян кардани вазъи воқеъии молӣ, айни замон маъмурияти муваққатӣ фаъолияти тамоми воҳидҳои сохтории «Тоҷпромбонк»-ро дар минтақаҳо ва ҳамзамон фаъолияти молиии бонкро ҳамаҷониба мавриди санҷишу таҳлил қарор додааст. «Сарфи назар аз ин вазъ, маъмурияти муваққатӣ амонатҳо ва пардохтҳо ба буҷетро қисман ба анҷом мерасонад», – гуфтанд дар БМТ.

Зимнан зикр гардид, ки маъмурияти муваққатӣ мақомоти махсуси идоракунии бонк мебошад, ки аз ҷониби БМТ бо мақсади роҳ надодан ба муфлисшавии ташкилоти қарзӣ таъин мегардад. «Вазифаи маъмурияти муваққатӣ дар он ифода меёбад, ки барои таъмини нигаҳдории дороиҳои бонкҳо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода, аз манфиатҳои саҳмгузорон ҳимоят мекунад», – гуфт манбаъ.

Мутобиқи қонуни ҶТ «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», бо мақсади ҳифзи вазъи молии бонки дар маъмурияти муваққатӣ қарордошта, БМТ метавонад пардохтҳо ба ҳама гуна уҳдадориҳори бонкро ба муҳлати то 1 моҳ ба таъхир андозад. Дар сурати зарурат ин муҳлат боз ба 1 моҳи дигар дароз карда мешавад, вале ин муҳлатҳо набояд аз 3 моҳ зиёдтар бошанд. Пас аз анҷоми кори маъмурияти муваққатӣ бонк мисли пешина ба фаъолияти худ идома медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.