Тасдиқи созишномаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда қонуни федералии ФР «Дар бораи тасдиқи созишномаи байниҳукуматӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар бахши таҳвили маҳсулоти нафтӣ»-ро ба имзо расонид. Ин санад дар портали интернетии иттилооти ҳуқуқӣ ба нашр расидааст . Ин созишнома ҳанӯз моҳи феврали соли 2013 ба имзо расида, ахири моҳи июн […]

ASIA-Plus



Президенти Русия Владимир Путин рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда қонуни федералии ФР «Дар бораи тасдиқи созишномаи байниҳукуматӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар бахши таҳвили маҳсулоти нафтӣ»-ро ба имзо расонид. Ин санад дар портали интернетии иттилооти ҳуқуқӣ


ба нашр расидааст


.

Ин созишнома ҳанӯз моҳи феврали соли 2013 ба имзо расида, ахири моҳи июн

аз ҷониби Думаи давлатӣ

ва Шӯрои федератсияи Русия маъқул шуморида шуд.

Созишнома ба танзими ҳамкориҳои мутақобила дар бахши таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон нигаронида шудааст, ки ба рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷониба бо назардошти манфиатҳои дарозмуддати ду кишвар дар рушди ҳамкориҳои стратегӣ мусоидат мекунад.

Содироти дубораи маҳсулоти нафтии ба Тоҷикистон воридшуда ба кишварҳои сеюм манъ аст. Ин манъ ба маҳсулоти нафтие, ки дар Русия истеҳсол шудаасту ба Тоҷикистон аз кишварҳои дигари узви Иттиҳоди гумрукӣ ворид мешавад, низ амал мекунад. Дар сурати риоя нашудани ин муқаррарот, ҷониби Русия ҳуқуқ дорад, ки таҳвили маҳсулоти нафтии бидуни пардохти боҷи содиротиро боздорад.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз моҳи майи соли 2010 воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон бо шарти пардохти маблағи боҷи гумрукии содиротӣ сурат мегирифт. Пас аз гуфтушунидҳои қариб сесола моҳи феврали соли 2013 ҷонибҳо оид ба бекор кардани боҷи содиротӣ барои таҳвили маҳслуоти нафтӣ ба Тоҷикистон тавофуқ ҳосил карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.