Ҳукми 8 соли зиндон ба нашъаҷаллоб «Хирс» дар ВМКБ

Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сокини шаҳри Хоруғ Анвар Имроншоевро, ки бештар бо лақабҳои «Хирс» ва «Буф» маъруф аст, ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ нимаи моҳи марти соли равон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуда буд. Бино ба маълумоти КДАМ Тоҷикистон, А.Имроншоев зимни амалиёти муштарак бо кормандони ВКД, […]

ASIA-Plus



Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сокини шаҳри Хоруғ Анвар Имроншоевро, ки бештар бо лақабҳои «Хирс» ва «Буф» маъруф аст, ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ нимаи моҳи марти соли равон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуда буд.

Бино ба маълумоти КДАМ Тоҷикистон, А.Имроншоев зимни амалиёти муштарак бо кормандони ВКД, Агентии назорати маводи нашъаовар дар ҳамдастӣ бо сокинони шаҳри Хоруғ дастгир шудааст.

«Муддати чандин сол маҳкумшуда бо паҳн кардану фурӯши маводи мухаддир миёни ҷавонон машғул буда, яке аз таҳвилгарони асосии ин мавод дар Хоруғ ба шумор мерафт», – қайд мекунанд дар КДАМ.

Тибқи маълумоти сохторҳои қудратӣ, зимни кофтукови манзили ӯ 61 адад бастаҳои дорои маводи мухаддири сахттаъсири героин дарёфт шудааст.

Дар маълумоти КДАМ таъкид мешавад, ки А.Имроншоев баъди як қатор муроҷиатҳои шаҳрвандон, пеш аз ҳама модарони шаҳри Хоруғ, ки фарзандонашон ба бемории нашъамандӣ мубтало гардида буданд, боздошт шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.