Муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар 8% кам шуд



Дар зарфи 6 моҳи соли равон беш аз 308,6 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 8% камтар аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 40,6 ҳазор нафар занони тоҷикистонӣ ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд.

Аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон – зиёда аз 305,6 ҳазор нафар мисли пешин Русияро макони муҳоҷирати корӣ интихоб намуда, аз шумории умумии тоҷикистониён, ки имсол барои кор ба хориҷи кишвар рафтаанд, ҳудуди 6 ҳазор нафарашон ба Қазоқистон раҳсипор шудаанд.

Гуфта мешавад, ҳудуди 160,4 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин давра ба ватан баргаштаанд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 14% камтар аст.

spot_imgspot_img

Популярное