Муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар 8% кам шуд

Дар зарфи 6 моҳи соли равон беш аз 308,6 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 8% камтар аст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 40,6 ҳазор нафар занони тоҷикистонӣ ба […]

ASIA-Plus



Дар зарфи 6 моҳи соли равон беш аз 308,6 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 8% камтар аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 40,6 ҳазор нафар занони тоҷикистонӣ ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд.

Аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон – зиёда аз 305,6 ҳазор нафар мисли пешин Русияро макони муҳоҷирати корӣ интихоб намуда, аз шумории умумии тоҷикистониён, ки имсол барои кор ба хориҷи кишвар рафтаанд, ҳудуди 6 ҳазор нафарашон ба Қазоқистон раҳсипор шудаанд.

Гуфта мешавад, ҳудуди 160,4 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин давра ба ватан баргаштаанд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 14% камтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.