Таваҷҷуҳи ширкатҳои Ӯзбекистон ба тиҷорати Тоҷикистон



Ширкатҳои Ӯзбекистон ба ҳамкорӣ бо корхонаҳои Тоҷикистон таваҷчуҳ зоҳир мекунанд.

Хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 13 июл зимни мулоқоти раҳбарияти Палата бо намояндагони ширкатҳои ӯзбекистонии «Узстройматериалы» ва «Шарқ иншоот» дар Душанбе масоили роҳандозии робитаҳои иқтисодӣ ва дарёфти шарикони боъэтимод баррасӣ шудааст. Дар вохӯрӣ ҳамчунин ёвари сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Юрий Нагай низ ҳузур доштааст.

«Соҳибкорони кишварҳои дӯсти мо барои ҳамкорӣ аз имконоти зиёд бархӯрдоранд ва ман бовар дорам, ки ин воқеъият дурнамои фаъол шудани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳоро муайян мекунад», – гуфтааст раиси Палата Шариф Саид.

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо дубора фаъол шуда, дар ҳоли рушду таҳким қарор доранд. Заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба беш аз 100 созишномаву шартномаҳои дуҷониба асос ёфтааст, ки аз соли 1992 то ба ҳол ба имзо расидаанд.

Тайи 15 соли ахир муносибатҳо миёни кишварҳо дар сатҳи начандон хуб қарор дошта, аз моҳи сентябри соли 2014 пас аз мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов дар Душанбе дар чаҳорчӯби нишасти СҲШ, он рӯ ба беҳбудӣ овард.

Ислом Каримов яке аз нахустин сарони кишварҳо буд, ки президенти Тоҷикистонро бо пирӯзии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ табрик гуфт. Дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда Ислом Каримовро бо пирӯзӣ дар интихоботи президентии моҳи марти соли равон табрик кард.

Давоми солҳои 2014-2015 бори нахуст тайи солҳои ахир дар муносибатҳои тиҷоратӣ миёни давлатҳо тамоили мусбат ба мушоҳида расид. Моҳи июни соли гузашта пас аз 6 соли танаффус дар шаҳри Тошканд ҷаласаи III Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ доир гардид. Моҳи декабри соли гузашта дар Душанбе бори нахуст дар таърихи муносибатҳои дуҷониба миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2014 ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо беш аз 13 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 ба андозаи 9,2% зиёдтар аст.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки 10 сол қабл қариб 10% аз ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ба ҳиссаи Ӯзбекистон рост меомад. Он замон Ӯзбекистон пас аз Нидерланд ва Русия ба сегонаи асосии шарикони тиҷоратии Тоҷикистон шомил буд. Соли 2005 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикиситон ва Ӯзбекистон қариб 220 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

spot_imgspot_img

Популярное