Боздошти ду узви гурӯҳи ҷиноятпешаи GTA дар Тоҷикистон

Кумитаи тафтишоти Русия ба тафтиши парванда нисбати боз 4 тан аз иштирокчиёни қазияи пурсарусадои «гурӯҳи ҷиноятпешаи GTA», ки ба содир намудани як силсила ҷиноятҳои ғорату роҳзанӣ ва куштори ронандагон дар вилояти Маскав гумонбар дониста мешаванд, идома медиҳад. Хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад , ки дар суди вилояти Маскав мурофиаи судӣ нисбати 9 нафар айбдоршавандагон дар робита […]

ASIA-Plus



Кумитаи тафтишоти Русия ба тафтиши парванда нисбати боз 4 тан аз иштирокчиёни қазияи пурсарусадои «гурӯҳи ҷиноятпешаи GTA», ки ба содир намудани як силсила ҷиноятҳои ғорату роҳзанӣ ва куштори ронандагон дар вилояти Маскав гумонбар дониста мешаванд, идома медиҳад.

Хабаргузории ТАСС

иттилоъ медиҳад

, ки дар суди вилояти Маскав мурофиаи судӣ нисбати 9 нафар айбдоршавандагон дар робита ба ин парванда оғоз шудааст.

«Нисбати чор тан аз узви гурӯҳ, ки пинҳон шудаву мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудаанд,  тафтиш идома дорад. Ду нафари онҳо дар қаламрави Тоҷикистон боздошт ва ба ҳабс гирифта шуда, ба он ҷо ҷиҳати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳо барои ҷиноятҳои содиршуда дар қаламрави Русия маводҳои парванда фиристода мешавад. Боз як узви гурӯҳ мавриди ҷустуҷӯи федералӣ қарор дорад», – омадааст дар маълумот.

Суди вилояти Маскав муҳлати таҳти ҳабс қарор доштани аъзои ин гурӯҳи ба истилоҳ GTA-ро, ки ба як силсила кушторҳо дар роҳҳои мошингарди шаҳру вилояти Маскав ва вилояти Калуга давоми солҳои 2012-2014 гумонбар дониста мешаванд, то 28 декабр дароз карда, мурофиаи судӣ ба санаи 19 июл муқаррар шудааст.

Айни замон аъзои ин гурӯҳ – Ҳазратхон Додохонов, Холиқ Субҳонов, Анвар Улуғмуродов, Фазлиддин Ҳасанов, Шерозҷон Қодиров, Мирзомавлон Мирзошарипов, Абдумуқим Мамадҷонов, Умар Ҳасанов ва Зафарҷон Ғуломов дар курсии айбдорӣ қарор доранд.

Бо назардошти нақши ҳар кадоме, 9 тан аз зодагони Осиёи Миёна ба қатли 17 нафар ва ду суиқасд ба куштор, ҳамчунин бандитизм, ғоратгарӣ, ғайриқонунӣ тайёр кардану нигаҳдории аслиҳа ва дуздии ҳуҷҷатҳо айбдор карда мешаванд.

Тибқи фарзияи тафтишот, моҳи марти соли 2012 Убайдулло Субҳонов (бо шиносномаи қалбакӣ ба номи Усмонов) дар қаламрави вилояти Маскав гурӯҳи ҷиноятпеша созмон дода, ба сафҳои он танҳо зодагони кишварҳои осиёгиро ҷалб намудааст. Онҳо дар роҳҳо тасмаҳои оҳании дандонадори тез гузошта, автомашинаҳоро манъ мекарданд. Сипас ба ронадагон ва мусофирони он дарафтода, онҳро бо истифода аз силоҳ қатл ва чизҳои ҳалокшудагон, аз ҷумла сарулибоси онҳоро ҳам ғорат мекарданд. Пешвои гурӯҳ Убайдулло Субҳонов зимни муқовимати мусаллаҳона дар амалиёти боздошт кушта шуд.

Тӯли каме бештар аз 2 сол аз амалҳои ин гурӯҳ дар шаҳру вилояти Маскав ва вилояти Калуга 17 нафар кушта ва 2 тан захмӣ шуданд. Кам ҳолатҳое иттифоқ меафтодааст, ки ҷабрдидагон бо лату кӯбу таҳдидҳо халос мешудаанд. Фориғ аз содир намудани ҷиноятҳо аъзои гурӯҳ чун дигар муҳоҷирони корӣ маъмулан ба ҳайси ронандаҳои мусофиркашҳои хусусӣ, бинокор, қаровулу посбон ва ғайра кор мекардаанд.

Бино ба маълумоти

Радиои Озодӣ

, номи ГТА дар исми ин “банда” аз номи бозии компутарии маъруф Grand Theft Auto (GTA) аст ва матбуоти Русия ин номро ба ин гурӯҳи ҷиноӣ додааст. Ин бозӣ дар бораи зиндагӣ дар як шаҳрест, ки аз сӯи гурӯҳҳои ҷиноӣ тасарруф шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.