Пешниҳоди ба хонаҳои баландошёна кӯчонидани аҳолии минтақаҳо



Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон масъалаи тавсеъаи сохтмони хонаҳои баландошёнаро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба баррасии ҳукумат пешниҳод кардааст.

«Бо мақсади истифодаи самараноки замин ва нигаҳдории заминҳои обёрӣ, пешниҳод шуд, ки бунёди манзилҳои баландошёна дар шаҳру ноҳияҳо зиёд карда шавад, – иброз дошт зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи мазкур Раҷаббой Аҳмадзода.

Ӯ қайд кард, ки шумори аҳолии кишвар сол то сол босуръат меафзояд. «Замин моро мехӯронаду мепӯшонад ва аз ин рӯ, мо бояд ба ҳар як порчаи он эҳтиёткорона муносибат кунем, – гуфт Аҳмадзода. – Дар ин робита минбаъд роҳандозии сохтмони хонаҳои баландошёнаи каммасраф барои оилаҳои эҳтиёҷаманд дар ноҳияҳо ба нақша гирифта шуда, таҳияи тарҳи мукаммали маҳалҳо дар шаҳру навоҳӣ зарур аст».

Номбурда таъкид дошт, ки дар ин сурат дар 12 сотих замин ба ҷойи 2 оила 40 ва зиёда оилаҳоро ҷой додан имкон дорад. «Агар пешниҳоди мо дастгирӣ ёбад, мушкилоти зиёди марбут ба дастрасӣ ба замин ҳал мешавад», – афзуд Р.Аҳмадзода.

spot_imgspot_img

Популярное