Боздиди сарвазир аз минтақаи озоди иқтисодии Данғара



Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 18 июл аз минтақаи озоди иқтисодии Данғара, воқеъ дар минтақаи ҷануби кишвар боздид кард.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, сарвазир бо ҷараёни сохтмони корхонаҳои коркарди нафт, истеҳсоли сохторҳои металлӣ ва семент, ки мутаносибан иқтидори солонаашон ба коркарди 500 ҳазор тонна нафт, истеҳсоли 100 ҳазор тонна металл ва 1 млн. 600 ҳазор тонна семент баробар аст, аз наздик шинос шуд. Ин корхонаҳо аз ҳисоби сармоягузориҳои муштараки Тоҷикистону Чин сохта мешаванд.

Қоҳир Расулзода таваҷҷуҳи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро ба иҷрои хушсифати корҳои сохтмон, таъмини иншооти сохташаванда бо нерӯи барқи доимӣ ва ҷалби ҳарчи бештари мутахассисони маҳаллӣ ба сохтмон ҷалб намуд.

spot_imgspot_img

Популярное