Ташрифи сафирони 6 кишвар ба ВКХ Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Шоҳигарии Ҳолланд Ҳенри Ҳуберт Дриссерро  бинобар ба итмом расидани ваколаташ ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ тарафҳо оид ба раванди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳолланд тайи чанд соли охир қаноатмандӣ изҳор намуда, умедвории амиқро аз рушд ва таҳкими […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Шоҳигарии Ҳолланд Ҳенри Ҳуберт Дриссерро  бинобар ба итмом расидани ваколаташ ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ тарафҳо оид ба раванди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳолланд тайи чанд соли охир қаноатмандӣ изҳор намуда, умедвории амиқро аз рушд ва таҳкими ин муносибатҳо баён карданд ва дар фарҷоми мулоқот С.Аслов ба Ҳ. Ҳуберт Дриссер дар пешбурди фаъолияти ояндаи касбиаш муваффақият таманно кард.

Ҳамин рӯз муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ сафири Австралия Питер Тешро ва сафири Подшоҳии Таиланд (бо иқоматгоҳ дар ш. Остона) Нат Пинёваттаначипро  ба муносибати супоридани нусхаҳои Эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфта, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, фарҳангиву гуманитарӣ  ва ҳамчунин дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.

Ҳамчунин ҳамин рӯз муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода сафирони Лаҳистон Петр Ивашкевич, Босня ва Гертсеговина Кемал Муфтич ва Чили Хуан Эдуардо Эгигуренро ба муносибати супоридани нусхаҳои Эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, фарҳангиву гуманитарӣ  ва дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.