Таркиш дар НФС-и Бохтар бо айби ронандаи автомашинаи газкаш рух додааст

Зимни нишасти хабарии рӯзи 18 июл сардори Раёсати хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон Мулоҳӣ Рӯзиев дар робита ба ҳодисаи таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и ноҳияи Бохтар изҳор намуд, ки тибқи маълумоти пешакӣ, ин воқеъа бо айби ронандаи автомашинаи газкаш рух додааст. Ба қавли ӯ, вақти холӣ кардани газ ронанда рӯда (шланг)-и интиқоли газро мустаҳкам пайваст […]

Сайраҳмон Назриев



Зимни нишасти хабарии рӯзи 18 июл сардори Раёсати хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон Мулоҳӣ Рӯзиев дар робита ба ҳодисаи таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и ноҳияи Бохтар изҳор намуд, ки тибқи маълумоти пешакӣ, ин воқеъа бо айби ронандаи автомашинаи газкаш рух додааст.

Ба қавли ӯ, вақти холӣ кардани газ ронанда рӯда (шланг)-и интиқоли газро мустаҳкам пайваст накардаааст, ки баъдан аз фишори баланд он аз зарфи дорои сӯзишворӣ канда шуда, оташ мегирад. «Аз ҷониби Раёсати хадамоти оташнишонӣ ин ҳодиса мавриди санҷиш қарор гирифта, сабабҳои сӯхтор таҳқиқу муайян шуданд ва тамоми маводи марбут ба ин ҳодиса ба прокуратураи ноҳияи Бохтар пешниҳод гардид», – гуфт ӯ.

Номбурда хотиррасон намуд, ки бар асари ин таркиш 1 нафар ҳалок ва боз 21 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Рӯзиев ҳамчунин кори мураттабу бонизоми кормандони Дастаи таъиноти махсус (ОМОН)-и Раёсати ВКД-ро зикр кард, ки саривақт роҳгузарону тамошобинонро аз макони ҳодиса дур кардаанд.

«Мутаассифона, дар бораи ин ҳодиса ба мо дер хабар расид, зеро шоҳидони ҳодиса хеле зиёд ҳузур дошта, танҳо як нафари онҳо, сокини ноҳияи Вахш лозим донистааст, ки ба мо занг зада, доир ба ин ҳодиса хабар диҳад», – таъкид дошт ӯ.

Прокурори ноҳияи Бохтар Хусрав Миралиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар бораи оғози парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ин ҳодиса алҳол қарор қабул нашудааст. «Хулосаи ҳамаи сохторҳои дахлдорро интизорем», – илова кард прокурор.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 9 июл дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и воқеъ дар роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Сарбанд, дар қаламрави ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон

таркиш ба вуқӯъ пайваста

, аз мавҷи оташ фурӯшгоҳҳо, ошхона, ва нуқтаҳои фурӯши харбузу тарбуз, ҳамчунин 2 автомашинаи тамғаи Опел ва Мерседес низ осеб дидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Русия ҳудуди 6 ҳазор муҳоҷирро аз қаламраваш ихроҷ мекунад

Онҳо пас аз рейдҳои мақомоти Русия аз ин кишвар ронда мешаванд.

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.