Ҳудуди 2,8 млрд. $ ММД-и Тоҷикистон дар соли равон

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ 21 млрд. 979,3 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,8 млрд. доллари ИМА)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нархҳои қиёсии ҳамин давраи соли гузашта 6,6% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД-и кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 16,8% – ба […]

Пайрав Чоршанбиев



Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ 21 млрд. 979,3 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,8 млрд. доллари ИМА)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нархҳои қиёсии ҳамин давраи соли гузашта 6,6% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД-и кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 16,8% – ба ҳиссаи савдо, таъмири автомобилҳо, асбобҳои маишӣ ва лавозимоти гигиенаи шахсӣ, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо рост меояд.

Дар сохтори ММД ҳиссаи саноат бо шумули энергетика – 16%, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии анбор – 13,4% ва андозҳо – 13,1%-ро ташкил дода, ҳиссаи сохтмон аз 12,6%-и соли гузашта то 11,5% поин рафтааст.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон афзоиши ҳаҷми ММД аз рӯйи натиҷаҳои соли 2016-ро дар сатҳи то 7% пешбинӣ кардааст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2015 ҳаҷми ММД Тоҷикистон 48,4 млрд. сомониро ташкил дода, аз рӯи таносуби нарх нисбат ба соли 2014 ба миқдори 6% афзуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.