Таҳқиқи марги 1 нафар ва заҳролудшавии 5 кас дар Кӯлоб

Бар асари заҳролудшавӣ як сокини Кӯлоб фавтида ва панҷ тани дигар таҳти назорати пизишкон қарор гирифтаанд. Амиралӣ Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб, 18 июл ба Радиои Озодӣ гуфтааси, ин ҳодиса баъд аз зуҳри якшанбе иттифоқ афтодааст. Вай илова кардааст, ки “баъди хӯроки чошт шаш узви хонаводаи Шариф Таваккалов, сокини деҳаи Навободи Кӯлоб, заҳролуд шуда […]

Радиои Озодӣ



Бар асари заҳролудшавӣ як сокини Кӯлоб фавтида ва панҷ тани дигар таҳти назорати пизишкон қарор гирифтаанд. Амиралӣ Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб, 18 июл ба

Радиои Озодӣ

гуфтааси, ин ҳодиса баъд аз зуҳри якшанбе иттифоқ афтодааст.

Вай илова кардааст, ки “баъди хӯроки чошт шаш узви хонаводаи Шариф Таваккалов, сокини деҳаи Навободи Кӯлоб, заҳролуд шуда ва ҳамаашон ба бемористон оварда шуданд. Дар натиҷа, бар асари заҳролудшавӣ падари хонавода – Шариф Таваккалов фавтида ва панҷ узви дигари хонавода – Саодат Маҳмудова, Зулайхо Маҳмудова, Маҳина Тавакаллова, Хайриддин Тавакаллов ва Ҳуснорои Шариф – таҳти муроқибати пизишкон қарор доранд.”

Раҷабзода изҳор намудааст, ки вазъи Ҳуснорои Шариф ва Зулайхо Маҳмудова, набераҳои хонавода, низ хеле вазнин буд ва баъд аз ёрии табибон ҳолашон нисбат ба дирӯз беҳтар шудааст. Ҳарчанд пизишкон мегӯянд, ин хонавода дар пайи ғизои чошт заҳролуд шуда ва ба бемористон афтодаанд, аммо то ҳол сабаби дақиқи заҳролудшавии онҳо мушаххас нашудааст.

Гуфта мешавад, кормандони маркази беҳдоштӣ ва вогиршиносии минтақа дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ангезаҳои заҳролудшавии хонаводаи Шариф Таваккаловро мушаххас мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.