Анонс
– Рӯзҳои 19-23 июл як ҳайати тоҷирони вилояти Нижегороди Русия таҳти роҳбарии волии ин видоят В.П.Шансев аз Тоҷикистон боздид мекунанд;
– Раҳбарияти Хадамоти гумрук, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» доир ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 барои рӯзноманигорон нишасти хабарӣ барпо мекунанд;
Қ
урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
7.8680
сомонӣ;
1
евро –
8.6957
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.1215
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
1980
– Дар Маскав Бозиҳои олимпии XXII-ум оғоз гардиданд, ки як қатор кишварҳои Ғарб аз иштирок дар он даст кашиданд.
1996
— Дар Атланта Бозиҳои олимпии XXVI-ум оғоз гардиданд, ки дар он шумори рекордии варзишгарон – 10 ҳазору 744 нафар ширкат варзиданд.
2003
— Нахустин ҷарроҳии ивази забон дар ҷаҳон муваффақона анҷом ёфт.
2006
— Дар Душанбе бо дастгирии ҳукумати Ҳиндустон маросими ифтитоҳи Маркази технологияҳои иттилоотӣ доир гардид.
2012
— Олими маъруфи таърихшиноси тоҷик Мансур Бобохонов дар синни 81-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.
1946
– Зодрӯзи журналист Айниддин Гадозода.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +21+26.
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +16+21, рӯзона +30+35.
Дар Вилояти Мухтори К
ӯ
ҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +11+16, рӯзона +24+29; дар шарқ шабона +2+7, рӯзона +13+18.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +34+36.
Дар шаҳри Ху
ҷ
анд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Қ
ӯ
рғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +37+39.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +27+29.





