Раҳбарияти Кумитаи меъмори ва сохтмони ҷумҳурӣ пешниҳоди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезиро оид ба сохтмони хонаҳои баландошёна дар минтақаҳои кишвар дастгирӣ мекунад.
«Тоҷикистон замини зиёд надошта, шумори аҳолии кишвар бошад, босуръат меафзояд. Оянда мо ҳамаи хоҳишмандонро бо қитъаҳои замин таъмин карда наметавонем. Аз ин рӯ, маҷбурем, ки хонаҳои баландошёна бисозем, зеро дигар илоҷе надорем», – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода.
Ӯ қайд кард, ки бо назардошти ҳамаи ин ҳолатҳо, дар нақшаҳои генералии шаҳру навоҳӣ, ки мавриди таҳия қарор доранд, бунёди хонаҳои 4-9-ошёна пешбинӣ мешавад ва аз лиҳози иқтисодӣ барои кишвар низ онҳо бештар фоидаоваранд.
Аҳмадзода таъкид дошт, ки зимни сохтмони хонаҳои баландошёна ҳамаи ҷанбаҳо чун дар шаҳрҳо ба инобат гирифта мешаванд. «Лоиҳаҳои ҳамаи иншоот аз ташхиси давлатӣ гузашта, танҳо баъди ин ба сохмтони онҳо иҷозат дода мешавад», – гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки ин иншоот бояд ба ҳамаи талаботи бехатарӣ, аз ҷумла аз нигоҳи ба заминларза тобовар будан низ ҷавобгӯ бошанд. «Дар қаламравҳои аз лиҳози заминларза ниҳоят хатарнок чунин хонаҳо сохта намешаванд», – қайд кард Ҷ.Аҳмадзода.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки барои таъмини гармӣ дар хонаҳои баландошёнаи минтақаҳо насби дегҳо (оташдонҳо)-и хурд барои ҳар як хона бо истифода аз ангишт пешбинӣ мешавад. «Айни замон мутахассисони мо таҷрибаи Туркия дар ин самтро омӯхта истодаанд. Ғайр аз ин, масъалаи мазкурро бо мақомоти экологӣ низ мувофиқа кардан зарур аст», – афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар
пешниҳод кард
, ки бо мақсади истифодаи самараноки замин ва нигаҳдории заминҳои обёрӣ, бунёди манзилҳои баландошёна дар шаҳру ноҳияҳо зиёд карда шавад.





