Кумитаи сохтмон: Ба сохтмони хонаҳои баландошёна маҷбурем

Раҳбарияти Кумитаи меъмори ва сохтмони ҷумҳурӣ пешниҳоди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезиро оид ба сохтмони хонаҳои баландошёна дар минтақаҳои кишвар дастгирӣ мекунад. «Тоҷикистон замини зиёд надошта, шумори аҳолии кишвар бошад, босуръат меафзояд. Оянда мо ҳамаи хоҳишмандонро бо қитъаҳои замин таъмин карда наметавонем. Аз ин рӯ, маҷбурем, ки хонаҳои баландошёна бисозем, зеро дигар илоҷе надорем», […]

Пайрав Чоршанбиев



Раҳбарияти Кумитаи меъмори ва сохтмони ҷумҳурӣ пешниҳоди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезиро оид ба сохтмони хонаҳои баландошёна дар минтақаҳои кишвар дастгирӣ мекунад.

«Тоҷикистон замини зиёд надошта, шумори аҳолии кишвар бошад, босуръат меафзояд. Оянда мо ҳамаи хоҳишмандонро бо қитъаҳои замин таъмин карда наметавонем. Аз ин рӯ, маҷбурем, ки хонаҳои баландошёна бисозем, зеро дигар илоҷе надорем», – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода.

Ӯ қайд кард, ки бо назардошти ҳамаи ин ҳолатҳо, дар нақшаҳои генералии шаҳру навоҳӣ, ки мавриди таҳия қарор доранд, бунёди хонаҳои 4-9-ошёна пешбинӣ мешавад ва аз лиҳози иқтисодӣ барои кишвар низ онҳо бештар фоидаоваранд.

Аҳмадзода таъкид дошт, ки зимни сохтмони хонаҳои баландошёна ҳамаи ҷанбаҳо чун дар шаҳрҳо ба инобат гирифта мешаванд. «Лоиҳаҳои ҳамаи иншоот аз ташхиси давлатӣ гузашта, танҳо баъди ин ба сохмтони онҳо иҷозат дода мешавад», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки ин иншоот бояд ба ҳамаи талаботи бехатарӣ, аз ҷумла аз нигоҳи ба заминларза тобовар будан низ ҷавобгӯ бошанд. «Дар қаламравҳои аз лиҳози заминларза ниҳоят хатарнок чунин хонаҳо сохта намешаванд», – қайд кард Ҷ.Аҳмадзода.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки барои таъмини гармӣ дар хонаҳои баландошёнаи минтақаҳо насби дегҳо (оташдонҳо)-и хурд барои ҳар як хона бо истифода аз ангишт пешбинӣ мешавад. «Айни замон мутахассисони мо таҷрибаи Туркия дар ин самтро омӯхта истодаанд. Ғайр аз ин, масъалаи мазкурро бо мақомоти экологӣ низ мувофиқа кардан зарур аст», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар

пешниҳод кард

, ки бо мақсади истифодаи самараноки замин ва нигаҳдории заминҳои обёрӣ, бунёди манзилҳои баландошёна дар шаҳру ноҳияҳо зиёд карда шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.