Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро ба андозаи 2,0 банди фоизӣ баланд карда, дар сатҳи 11% муқаррар кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, чораи мазкур ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ рӯйи кор омадааст.
Ёдрас мекунем, ки 1 марти соли ҷорӣ БМТ меъёри бозтамвилро 1% боло бурда, то 9%-и солона муқаррар карда буд.
Қобили зикр аст, ки сатҳи аз ҳама баландтарини меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон соли 2008 ба қайд гирифта шудааст, ки 16%-ро ташкил дода буд. Меъёри бозтамвили аз ҳама пасттарин соли 2014 – 4,5%-и солона сабт шудааст.
Меъёри бозтамвил воситаи танзими пуливу қарзӣ буда, тавассути он БМТ ба меъёрҳои бозори байнибонкӣ ва меъёрҳои қарзу депозит, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба шахсони ҳуқуқиву воқеӣ дода мешаванд, таъсир мерасонад.





