Бонки миллӣ меъёри бозтамвилро то 11% боло бурд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро ба андозаи 2,0 банди фоизӣ баланд карда, дар сатҳи 11% муқаррар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, чораи мазкур ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ рӯйи кор омадааст. Ёдрас мекунем, ки 1 марти соли ҷорӣ БМТ меъёри бозтамвилро 1% боло бурда, то 9%-и солона муқаррар карда буд. Қобили […]



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро ба андозаи 2,0 банди фоизӣ баланд карда, дар сатҳи 11% муқаррар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, чораи мазкур ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ рӯйи кор омадааст.

Ёдрас мекунем, ки 1 марти соли ҷорӣ БМТ меъёри бозтамвилро 1% боло бурда, то 9%-и солона муқаррар карда буд.

Қобили зикр аст, ки сатҳи аз ҳама баландтарини меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон соли 2008 ба қайд гирифта шудааст, ки 16%-ро ташкил дода буд. Меъёри бозтамвили аз ҳама пасттарин соли 2014 – 4,5%-и солона сабт шудааст.

Меъёри бозтамвил воситаи танзими пуливу қарзӣ буда, тавассути он БМТ ба меъёрҳои бозори байнибонкӣ ва меъёрҳои қарзу депозит, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба шахсони ҳуқуқиву воқеӣ дода мешаванд, таъсир мерасонад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.