– Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) талаботи иқтисод ва тиҷоратро бо пули нақд таъмин мекунад ва аз оғози сол ҳаҷми пули нақд дар бозорро 25% зиёд кард, – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода.
Бино ба маълумоти раиси БМТ, ҳаҷми умумии пули нақд дар Тоҷикистон 6,6 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 36% зиёдтар мебошад.
«Иқтисоду тиҷорат ба ислоҳоте, ки мо аз соли гузашта мегузаронем, мутобиқ мешавад. Пеш аз ҳама, ин ба манъи пурраи истифодаи асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон дахл дорад. Акнун зимни ҳисоббаробаркуниҳо, аз ҷумла ҳангоми харидани автомашина ва манзил дар Тоҷикистон танҳо арзи миллӣ – сомонӣ истифода мешавад. Ин албатта ба талаботи зиёд ба пули миллӣ боис гардид ва бо назардошти он, мо ҳаҷми он дар гардишро афзудем, то ки талаботро қонеъ созем», – гуфт ӯ.
Нурмаҳмадзода зикр кард, ки ин механизм ҳамчунин ба Бонки миллӣ барои дар сатҳи устувор нигоҳ доштани сомонӣ кумак кард.
Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ БМТаз Фонди эмиссионӣ 2,1 млрл. сомониро ба бозор баровард, ки нисбат ба соли гузашта 1,2 млрд. сомонӣ бештар аст. Ғайр аз ин, 727 млн. сомонӣ пулҳои фарсудаву куҳнашуда аз муомилот гирифта шудаанд.





