Суғд: Ҳалокати ноболиғи 4-сола аз беэҳтиётии ронанда

Дар вилояти Суғд бар асари беэҳтиётии ронанда духтарчаи ноболиғ зери чархи автомашина монда, ба ҳалокат расид. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, субҳи рӯзи 22 июл ронандаи 25-солаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Панҷакент – Саразм аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, сокини […]



Дар вилояти Суғд бар асари беэҳтиётии ронанда духтарчаи ноболиғ зери чархи автомашина монда, ба ҳалокат расид.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, субҳи рӯзи 22 июл ронандаи 25-солаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Панҷакент – Саразм аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, сокини маҳаллӣ духтарчаи 4-соларо бо автомашинааш пахш мекунад, ки дар натиҷа духтарча аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Тибқи маълумоти Шуъбаи БДА дар вилояти Суғд, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар роҳҳои автомобилгарди минтақаи шимоли кишвар 139 ҳодисаи (ҳамин давраи соли гузашта – 157 ҳодиса) садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, бар асари он 53 нафар ҳалок (соли 2015 – 63 нафар) ва 141 нафар (соли 2015 – 165 нафар) ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.

Дар ин давра бо иштироки кӯдакон 42 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2015 – 35 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, 9 нафар ноболиғон (соли 2015 – 11 нафар) ҳалок ва 36 нафар кӯдакон (соли 2015 – 31 нафар) ҷароҳат бардоштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.