Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Афғонистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали террористӣ дар Кобул, ки ба ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани нафарони зиёд боис гардид, ба раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки «хабари ҳамлаи хунинтарини маргталабонро дар Кобул, ки муҷиби […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали террористӣ дар Кобул, ки ба ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани нафарони зиёд боис гардид, ба раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки «хабари ҳамлаи хунинтарини маргталабонро дар Кобул, ки муҷиби ҳалокату захм бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта гардид, бо андӯҳи бузург  дарёфтам».

«Ҷониби Тоҷикистон дар қатори тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ин аъмоли зишту ғайриинсонии интиҳориёнро қатъиян маҳкум намуда, зарурати таъхирнопазири таҳкими муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи нерӯҳои аҳримани терроризми байналмилалӣ  таъкид менамояд. Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Афғонистон ҳассос мо омодагии хешро ҷиҳати тақвияти воқеии ҳамкории кишварҳоямон дар роҳи решакан кардани ҳамгуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ иброз медорем», – омадааст дар барқия.

Дар фарҷоми барқия сарвари давлати Тоҷикистон ба ҳар хонаводаи  фавтидагон эҳсоси ҳамдардӣ ва ғаму ғуссаи амиқ изҳор намуда, шифои комили ҳамаи осебдидагонро хостааст.

Ёдрас мекунем, ки тибқи 

маълумоти

 ВАО, рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда миёни издиҳом дар майдони Деҳмазанг ду таркиш ба вуқӯъ пайваст, ки онро ду маргталаб анҷом доданд. Террористи сеюми ба майдон воришударо кормандони пулис боздошт карданд. Бино ба маълумоти ахир, бар асари ин амали террористӣ 80 нафар ҳалок ва беш аз 230 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидат ба Афғонистон ҳамла ба иштирокчиёни гирдиҳамойии осоиштаи рӯзи 23 июл дар Кобулро

қотеъона маҳкум намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.