Доналд Трамп хориҷ шудани ИМА-ро аз СУС аз эҳтимол дур намедонад

Доналд Трамп, номзад ба мансаби раисҷумҳури ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон изҳор доштааст, ки дар сурати ғолиб омаданаш дар интихобот, метавонад бобати аз Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) хориҷ шудани кишвараш дастур диҳад. Бино ба иттилои ВАО-и Русия бо истинод ба АВС, Трамп қайд  кардааст, ки агар кадом як созмоне корхона дар ИМА-ро баставу истеҳсолотро ба Мексика […]



Доналд Трамп, номзад ба мансаби раисҷумҳури ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон изҳор доштааст, ки дар сурати ғолиб омаданаш дар интихобот, метавонад бобати аз Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) хориҷ шудани кишвараш дастур диҳад.

Бино ба

иттилои

ВАО-и Русия бо истинод ба АВС, Трамп қайд  кардааст, ки агар кадом як созмоне корхона дар ИМА-ро баставу истеҳсолотро ба Мексика гузарониданӣ мешавад, ӯро лозим меояд, ки боҷ пардохт намояд ва ҳаҷми ин боҷ то 35%-ро ташкил дода метавонад.

Ӯ таъкид доштааст, ки аз СУС хориҷ шудани ИМА барои кишвар ва дар маҷмӯъ иқтисоди ҷаҳонӣ ҳеҷ пайомади ногуворе нахоҳад дошт. «Ин созишномаҳои тиҷоратӣ, СУС ва  НАФТА (Созишномаи тиҷорати озод миёни Канада, ИМА ва Мексика) як фалокатанд», – иброз доштааст номзад ба мансаби раисҷумҳури ИМА.

Дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии

NBC

зимни посух ба саволи журналист доир ба эҳтимоли тариқи СУС нагузаштани чанде аз ташаббусҳои ӯ бобати андозбандии ширкатҳо дар бозори ИМА, Доналд Трамп зикр кардааст, ки «мо дар ин хусус такроран музокирот мекунем ё аз Созмон хориҷ мешавем».

Вакилони анҷумани Ҳизби ҷумҳурихоҳон ба пешбарии миллиардер Доналд Трамп ба сифати номзад ба мансаби раисҷумҳурӣ ИМА аз ин ҳизб

раъй доданд.

Аввали маъракаи интихобот аксари коршиносон базудӣ ноком шудани ӯро дар масъалаи пешбарӣ аз ин ҳизб пешгӯӣ карда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.