Ҳузури беш аз 12 ҳазор нафар дар зиндонҳои Тоҷикистон



Айни замон дар муассисаҳои махсус, муасисаҳои ислоҳӣ ва боздоштгоҳҳои тафтишотии Тоҷикистон беш аз 12 ҳазор нафар қарор доранд.

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмурод дар ин робита изҳор намуд, ки соли равон барои сохтмони зиндони нав дар шаҳри Ваҳдат аз буҷети кишвар 9 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

«Ин як хонаи оддӣ нест, ки дар муддати як сол бисозӣ. Мо марҳила ба марҳила кор карда истодаем ва сохтмон идома дорад», – гуфт Р.Шоҳмурод, вале дар бораи муҳлати анҷоми сохтмони зиндони нав саҳеҳан маълумот надод.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки бо назардошти шароити ҳозира дар муассисаҳои ислоҳӣ нигоҳдории беш аз 12 ҳазор нафар имконпазир аст ва кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки шароити будубоши маҳбусон беҳтар карда шавад.

Вазири адлия ҳамчунин зикр кард, ки ҳангоми сафар ба Тоҷикистон гузоришгари махсуси Раёсати Комиссари СММ оид ба шиканҷа Хуан Мендез шароити нигаҳдории маҳбусон дар Тоҷикистонро қаноатбахш арзёбӣ карда буд.

Зимнан зикр гардид, ки минбаъд таъмиру сохтмони боздоштгоҳҳои тафтишотӣ (СИЗО)-и нав дар саросари кишвар дар назар аст, зеро ҳамаи боздоштгоҳҳои мавҷуда дар замони шӯравӣ сохта шуда, ба талаботи муосир ҷавобгӯ нестанд.

Бино ба маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҶТ, айни замон дар Тоҷикистон 18 муассисаи ислоҳӣ, аз ҷумла 5 боздоштгоҳҳои тафтишотӣ, 8 муассисаи ислоҳии низоми гуногун, 1 муассисаи тарбиявӣ барои ноболиғон, 1 зиндон ва 3 муассисаи сукунат амал мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное