Ҳузури беш аз 12 ҳазор нафар дар зиндонҳои Тоҷикистон

Айни замон дар муассисаҳои махсус, муасисаҳои ислоҳӣ ва боздоштгоҳҳои тафтишотии Тоҷикистон беш аз 12 ҳазор нафар қарор доранд. Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмурод дар ин робита изҳор намуд, ки соли равон барои сохтмони зиндони нав дар шаҳри Ваҳдат аз буҷети кишвар 9 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. «Ин як хонаи оддӣ […]



Айни замон дар муассисаҳои махсус, муасисаҳои ислоҳӣ ва боздоштгоҳҳои тафтишотии Тоҷикистон беш аз 12 ҳазор нафар қарор доранд.

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмурод дар ин робита изҳор намуд, ки соли равон барои сохтмони зиндони нав дар шаҳри Ваҳдат аз буҷети кишвар 9 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

«Ин як хонаи оддӣ нест, ки дар муддати як сол бисозӣ. Мо марҳила ба марҳила кор карда истодаем ва сохтмон идома дорад», – гуфт Р.Шоҳмурод, вале дар бораи муҳлати анҷоми сохтмони зиндони нав саҳеҳан маълумот надод.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки бо назардошти шароити ҳозира дар муассисаҳои ислоҳӣ нигоҳдории беш аз 12 ҳазор нафар имконпазир аст ва кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки шароити будубоши маҳбусон беҳтар карда шавад.

Вазири адлия ҳамчунин зикр кард, ки ҳангоми сафар ба Тоҷикистон гузоришгари махсуси Раёсати Комиссари СММ оид ба шиканҷа Хуан Мендез шароити нигаҳдории маҳбусон дар Тоҷикистонро қаноатбахш арзёбӣ карда буд.

Зимнан зикр гардид, ки минбаъд таъмиру сохтмони боздоштгоҳҳои тафтишотӣ (СИЗО)-и нав дар саросари кишвар дар назар аст, зеро ҳамаи боздоштгоҳҳои мавҷуда дар замони шӯравӣ сохта шуда, ба талаботи муосир ҷавобгӯ нестанд.

Бино ба маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҶТ, айни замон дар Тоҷикистон 18 муассисаи ислоҳӣ, аз ҷумла 5 боздоштгоҳҳои тафтишотӣ, 8 муассисаи ислоҳии низоми гуногун, 1 муассисаи тарбиявӣ барои ноболиғон, 1 зиндон ва 3 муассисаи сукунат амал мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.