Бо қарорҳои дахлдори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар як идда сохторҳои шаҳрӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, мутобиқ ба онҳо Хуршед Кабиров – мудири шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе таъин шуда, Шералӣ Хушзода бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи сардори Муассисаи давлатии «Раёсати обёрӣ» – мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе озод ва ба ин вазифа Нурулло Алиев таъин шуд.
Гуфта мешавад, Саймаҳмуд Муминов ба вазифаи директори КВД «Бозори Шоҳмансур» ва Зиёвуддин Наҷмиддинов ба вазифаи директори КВД «Бозори Деҳқон» таъин гардиданд.





