Истеҳсоли беш аз 2 тонна тилло дар 6 моҳ

Тӯли 6 моҳи соли равон корхонаҳои истихроҷи тиллои ҷумҳурӣ 2 тоннаву 096 кило тилло истихроҷ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2% зиёдтар аст. Вазир саноат ва технолоияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки ба туфайли мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нави истихроҷи тиллоти КМ «Зарафшон», ҳамасола ҳаҷми истихроҷи […]



Тӯли 6 моҳи соли равон корхонаҳои истихроҷи тиллои ҷумҳурӣ 2 тоннаву 096 кило тилло истихроҷ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2% зиёдтар аст.

Вазир саноат ва технолоияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки ба туфайли мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нави истихроҷи тиллоти КМ «Зарафшон», ҳамасола ҳаҷми истихроҷи тилло дар Тоҷикистон меафзояд. «Ҳаҷми истеҳсоли нуқра дар сатҳи соли гузашта 1 тоннаву 253 кило (6 моҳи соли гузашта – 1 тоннаву 252 кило) боқӣ монд», – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти вазир, маблағи бадастомада аз фурӯши тилло 1,5 млрд. сомонӣ, аз ҷумла содирот 1 млрд. сомониро ташкил додааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз ҳаҷми умумии тиллои истеҳсолшуда дар ним сол 1,5 тоннааш ба корхонаи «Зарафшон» рост омада, 70,3%-и тиллои истихроҷшуда дар дохили кишвар ба фурӯш рафтааст, ки харидорони асосӣ Вазорати молия ва Бонки миллии ҷумҳурӣ мбеошанд.

Ҳамчунин қайд шуд, ки тибқи пешгӯиҳо соли равон низ чун соли гузашта аз истеҳсоли 3,8 тонна тилло дар кишвар интизорӣ меравад.

Айни замон дар Тоҷикистон се корхонаи бузурги истихроҷи тилло – корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин, «Тиллои тоҷик» ва корхонаи муштараки «Апрелевка»-и Тоҷикистону Канада фаъолият мекунанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.