Оғози вохӯрии коршиносон дар доираи «Ташаббуси АҚТ» дар АНМН

Дар Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ вохӯрии коршиносон оид ба муҳокимаи масъалаҳои ташкили чорабиниҳои оперативӣ дар доираи ташаббуси кишварҳои Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон (“Ташаббуси “АҚТ”) оғоз гардид, ки бо дастгирии “Барномаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя” ташкил карда шуда аст. Тавре […]

ASIA-Plus



Дар Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ вохӯрии коршиносон оид ба муҳокимаи масъалаҳои ташкили чорабиниҳои оперативӣ дар доираи ташаббуси кишварҳои Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон (“Ташаббуси “АҚТ”) оғоз гардид, ки бо дастгирии “Барномаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя” ташкил карда шуда аст.

Тавре аз дафтари матбуоти АНМН иттилоъ доданд, вохӯрӣ бо суханҳои ифтитоҳии муовини Директори Агентӣ полковник Муртазо Ҳайдарзода ва роҳбари нав таъингардидаи Дафтари Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон хонум Амелия Ханнафорд оғоз гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои вазъи нашъамандӣ дар кишварҳои аъзои “Ташаббуси АҚТ”, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, нақшаҳои гузаронидани амалиётҳои муштарак муҳокима мегарданд. 

Иштирокчиёни вохӯрӣ инчунин матни Ёддошти тафоҳумро оид ба табодули иттилоот ва ҳамкории оперативӣ байни кишварҳои аъзои “Ташаббуси АҚТ” омода менамоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.