Ширкатҳои хизматрасон бо асъори хориҷӣ бояд иҷозатномаи БМТ-ро дастрас кунанд



Ширкату корхонаҳое, ки дар қаламрави Тоҷикистон ба фурӯши молу пешниҳоди хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ машғуланд, то 15 августи соли равон бояд иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ)-ро дастрас кунанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҳолати то вақти муқарраркардашуда нагирифтани иҷозатнома барои фаъолияти махсус тибқи қонунгузорӣ нисбати онҳо чора андешида мешавад.

Дар маълумот зикр мегардад, ки ба ин «фаъолияти махсус» дар ҷумҳурӣ аз ҷумла ширкатҳои мобилӣ, ширкатҳои боркашонии байналмилалӣ (логистикӣ), роҳи оҳани Тоҷикистон, меҳмонхонаҳое, ки ба ғайрирезидентҳо бо «асъори хориҷӣ» хизмат мерасонанд, сарукор доранд.

Мутобиқи қонуни ҶТ «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», бар асоси иҷозатномаи дастрасшуда ба фурӯши маҳсулот ба мусофирон дар нуқтаҳои фурӯши фурудгоҳҳо, хизматгузориҳо ба мусофирон тариқи воситаҳои нақлиёти байнулмилалӣ, хизматрасониҳои консулӣ ба ғайрирезидентҳо дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои байнулмилалӣ, хизматгузориҳо ба таъмиру омода кардани ҳавопаймоҳои хориҷӣ, роуминги байнулмилалии алоқаи мобилӣ, ҳисоббаробариҳо барои воридоту содироти маҳсулот бо асъори хориҷӣ иҷозат дода мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное