Ширкатҳои хизматрасон бо асъори хориҷӣ бояд иҷозатномаи БМТ-ро дастрас кунанд

Ширкату корхонаҳое, ки дар қаламрави Тоҷикистон ба фурӯши молу пешниҳоди хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ машғуланд, то 15 августи соли равон бояд иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ)-ро дастрас кунанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҳолати то вақти муқарраркардашуда нагирифтани иҷозатнома барои фаъолияти махсус тибқи қонунгузорӣ нисбати онҳо чора андешида мешавад. Дар маълумот зикр мегардад, […]



Ширкату корхонаҳое, ки дар қаламрави Тоҷикистон ба фурӯши молу пешниҳоди хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ машғуланд, то 15 августи соли равон бояд иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ)-ро дастрас кунанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҳолати то вақти муқарраркардашуда нагирифтани иҷозатнома барои фаъолияти махсус тибқи қонунгузорӣ нисбати онҳо чора андешида мешавад.

Дар маълумот зикр мегардад, ки ба ин «фаъолияти махсус» дар ҷумҳурӣ аз ҷумла ширкатҳои мобилӣ, ширкатҳои боркашонии байналмилалӣ (логистикӣ), роҳи оҳани Тоҷикистон, меҳмонхонаҳое, ки ба ғайрирезидентҳо бо «асъори хориҷӣ» хизмат мерасонанд, сарукор доранд.

Мутобиқи қонуни ҶТ «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», бар асоси иҷозатномаи дастрасшуда ба фурӯши маҳсулот ба мусофирон дар нуқтаҳои фурӯши фурудгоҳҳо, хизматгузориҳо ба мусофирон тариқи воситаҳои нақлиёти байнулмилалӣ, хизматрасониҳои консулӣ ба ғайрирезидентҳо дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои байнулмилалӣ, хизматгузориҳо ба таъмиру омода кардани ҳавопаймоҳои хориҷӣ, роуминги байнулмилалии алоқаи мобилӣ, ҳисоббаробариҳо барои воридоту содироти маҳсулот бо асъори хориҷӣ иҷозат дода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.