БМТ рейтинг оид ба сифати хизматрасониҳои молиявиро муайян мекунад

ASIA-Plus



Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ дар мавзӯи «Механизмҳои воқеӣ ва қадамҳои стратегӣ баҳри рушди институти ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ дар мисоли Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкии БМТ; таҷрибаи байналхалқӣ, дурнамо, банақшагирии стратегӣ, масоили муосир ва роҳи ҳалли онҳо» мизи мудаввар доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, чорабиниро муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович ҳусни ифтитоҳ бахшид. Номбурда таваҷҷуҳи иштирокдорони мизи мудаварро ба механизмҳои рушди ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, мақсади асосии таъсис додани сохтори мазкур ва як қатор масъалаҳои муҳими ҳалталаби имрӯзаи кишвар ҷалб намуда, изҳор дошт, ки тарафҳо метавонанд дар ин нишаст тавассути муколама ва баҳсҳо бо дастовардҳои якдигар ошно гашта, табодули таҷриба намоянд.

Баъдан, намояндагони Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкии БМТ ва иштирокдорони мизи мудаввар оид ба мавзӯи мизи мудаввар изҳори назар карданд.

Аз ҷумла зикр гашт, ки баргузории мизи мудаввар имконияти хеле хуб барои натиҷагирӣ аз пешниҳоди фикру мулоҳизоти ҷойдоштаи бахшҳои бонкӣ ва маблағгузории хурд доир ба фаъолияти Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкии БМТ ба ҳисоб рафта, тавассути он метавон намояндагони ин бахшҳоро минбаъд ба раванди таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ ҷалб кард.

Аз ҷониби намояндагони БМТ пешниҳод гардид, ки дар оянда рейтинги ташкилотҳои қарзӣ оид ба сифати хизматрасониҳои молиявӣ муайян карда шуда, натиҷаҳои он дар сомонаи БМТ ҷойгир карда шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби иштирокдорон дастгирӣ ёфт.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур натиҷагирии ҳолати воқеӣ ва мавҷудаи фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ оид ба механизми ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ, мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва баррасии пешниҳодҳо вобаста ба самаранокии механизми номбурда буда, натиҷаҳои дар рафти баргузории чунин чорабиниҳо ба даст овардашуда, дар таҳкими ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ заминаи хуби назариявӣ шуда метавонанд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин оид ба самтҳои гуногуни рушди бахши ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони низоми бонкӣ суҳбат намуда, барои таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ пешниҳодҳои муфид манзур карданд.    

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...