Лоиҳаи муштараки «Азия-Плюс» ва «Спитамен Бонк». Хусусиятҳои қарзи дастаҷамъӣ

Иттилоияи расмӣ



Дар маводи гузашта доир ба чӣ гуна ба даст овардани қарз сухан ронда будем. Мавзӯи нав ба қарзи дастаҷамъӣ бахшида шудааст.

Қарзи дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон нисбатан ба наздикӣ ба вуҷуд омада, ба барномаҳои молиявии хурд вобастагӣ доранд. Моҳияти қарзи дастаҷамъӣ дар он аст, ки вай қарзи бегарав буда, ба кафолати аъзоёни гурӯҳи ҳамбастагӣ асос ёфтааст. Одатан, гурӯҳ бояд на камтар аз се нафар иборат бошад.

Асосан, қарзи дастаҷамъӣ дар рӯйхати маҳсулоти қарзии ташкилотҳои маблағгузории хурд пешниҳод мегардад. Амалан, дар бонкҳои Тоҷикистон  ин навъи қарз ҷорӣ нест.

Бартарии қарзҳои дастаҷамъӣ:

• Набудани талабот ба гарав.

• Аъзоёни дигари гурӯҳ кафолатдиҳанда мебошанд.

• Равиши соддаи таҳлили тиҷорат.

Нуқсонҳои ин навъи қарз:

• Хавфи баланди вазъияте, ки ба ҷои аъзои дигари гурӯҳ пардохтани қарз лозим аст. Мутаассифона, эҳтимол ҳаст, ки аъзоёни гурӯҳ метавонанд аз вазъи молиявии соҳибкории якдигар бехабар бошанд. Ин дар навбати худ метавонад ба ҳолате оварад, ки аъзоёни гурӯҳ, ғайр аз қарзи худ, қарзи шахси дигарро, ҳангоми напардохтани қарзаш, супоранд.

• Аъзоёни гурӯҳ аз якдигар вобастаанд. Агар як ё чанд аъзои ин гурӯҳ хориҷ шуда шумораи ҳадди ақали гурӯҳ вайрон гардад, барои гирифтани қарз ба Шумо аъзои нав пайдо кардан лозим меояд. Дар навбати худ ин боиси дароз гардидани мӯҳлати қарз мегардад. Ба гурӯҳ шахсони бегонаи носанҷида аъзо шуда, ба аъзоёни боқимондаи гурӯҳ мушкилот эҷод мекунанд.

• Ҳаҷм ва мӯҳлати қарзҳо калон нест.

•Қарзҳои дастаҷамъӣ, чун қоида, ба таври назаррас (меъёри фоизӣ зиёдтар) нисбат ба қарзҳои инфиродӣ гаронтар ҳастанд.

Ҳамчунин, бояд таъкид намуд, ки бо шарофати қарзҳои дастаҷамъӣ, табақаҳои гуногуни ҷомеа тавонистан аз маблағгузориҳои ташкилотҳои молиявӣ истифода кунанд. Ҳамаи ин,  боиси оғози тиҷорати онҳо ва беҳтар шудани вазъи молиявияшон гардид.

Имрӯз, ин навъи қарздиҳӣ маъруфияти худро аз даст дода истодааст, чунки бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявию қарзӣ қарзҳои бегаравро дар доираи қарзҳои инфиродӣ пешниҳод мекунанд. Ин зарурияти дарёфти аъзоёнро барои ташкили гурӯҳ ва хатари пардохти қарзи дигаронро аз байн бурд.

Аммо, агар Шумо қарор дода бошед, ки қарзи дастаҷамъӣ мегиред, қоидаҳои зеринро фаромӯш насозед:

1. Сарфи назар аз он, ки ҳар як аъзои гурӯҳ барои худ маблағи муайяншударо мегирад, аъзоён барои маблағи пурраи қарзи дастаҷамъӣ масъулияти умумӣ доранд.

 2. Ба гурӯҳ танҳо одамонеро, ки хуб мешиносед ва боварӣ доред, ки онҳо ба пардохти қарз қодиранд, қабул намоед, то Шумо ба  ҷои онҳо қарзашонро насупоред.

3. Агар корманди ташкилоти молиявӣ ба Шумо шиносони худро  ба аъзогии гурӯҳ тавсия кунад, розӣ нашавед. Дар хотир доред, ки Шумо бояд худ гурӯҳро ташкил намуда, шарикони боэътимодро интихоб кунед.

Мавзӯи оянда хатари гирифтани қарзро аз шахсони воқеӣ дар бар хоҳад гирифт.


Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...