Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки ҷонибдори истифодаи ҳукми қатл барои бархе аз ҷиноятҳои алоҳида аст.
«Нисбати шахсоне, ки бо бераҳмии махсус одам мекушанд ва террористону хоинони Ватан, шаҳрвандоне, ки ба табаддулоти давлатӣ даст мезананд, ҳукми қатлро истифода кардан мумкин буд», – гуфт Ю.Раҳмон.
Қобили зикр аст, ки аз соли 2004 дар Тоҷикистон ба ҳукми қатл моратория эълон шуд. Моҳи июни ҳамин сол вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун «Дар бораи боздошти иҷрои ҳукми қатл»-ро якдилона маъқул шумориданд. Доир ба дар ҷумҳурӣ эълон шудани моратория ба ҳукми қатл президент Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон 30 апрели соли 2004 изҳори назар карда буд.





