Тӯли 6 моҳи соли равон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 3 млрд. 590 млн. сомонӣ ё худ 456,3 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ сурат гирифт, ки 1,7 млрд. сомонӣ (221 млн. $)-и он сармоягузориҳои мустақим мебошанд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Қодири Қосим зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои воридшуда 142 млн. $ – ба Чин, 35 млн. $ – ба Русия, 12 млн. $ – ба Британияи Кабир ва қисмати боқимонда ба Швейтсария, Туркия ва дигар кишварҳо рост меоянд.
«Дар муқоиса бо соли гузашта ҳаҷми сармоягузориҳои Русия ба миқдори 28 млн. $ кам шуда, сармоягузориҳо аз ҷониби Чин афзуданд, вале ман гуфта наметавонам, ки ба чӣ миқдор. Коҳиши сармоягузориҳо аз Русия ба гумони ғолиб ба буҳрон вобаста аст», – шарҳ дод Қодири Қосим.
Зимнан зикр гардид, ки давоми нимсолаи аввали соли равон ба ҷалби сармоягузориҳо дар ҳаҷми 218 млн. доллари ИМА 4 корхона ба истифода дода шуд.





