Беш аз 450 млн. $ сармоягузорӣ ба Тоҷикистон аз оғози сол

Тӯли 6 моҳи соли равон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 3 млрд. 590 млн. сомонӣ ё худ 456,3 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ сурат гирифт, ки 1,7 млрд. сомонӣ (221 млн. $)-и он сармоягузориҳои мустақим мебошанд. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Қодири Қосим зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки аз […]

Заррина Эргашева



Тӯли 6 моҳи соли равон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 3 млрд. 590 млн. сомонӣ ё худ 456,3 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ сурат гирифт, ки 1,7 млрд. сомонӣ (221 млн. $)-и он сармоягузориҳои мустақим мебошанд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Қодири Қосим зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои воридшуда 142 млн. $ – ба Чин, 35 млн. $ – ба Русия, 12 млн. $ – ба Британияи Кабир ва қисмати боқимонда ба Швейтсария, Туркия ва дигар кишварҳо рост меоянд.

«Дар муқоиса бо соли гузашта ҳаҷми сармоягузориҳои Русия ба миқдори 28 млн. $ кам шуда, сармоягузориҳо аз ҷониби Чин афзуданд, вале ман гуфта наметавонам, ки ба чӣ миқдор. Коҳиши сармоягузориҳо аз Русия ба гумони ғолиб ба буҳрон вобаста аст», – шарҳ дод Қодири Қосим.

Зимнан зикр гардид, ки давоми нимсолаи аввали соли равон ба ҷалби сармоягузориҳо дар ҳаҷми 218 млн. доллари ИМА 4 корхона ба истифода дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.