Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар фурӯши тифли навзод рӯзи 3 август сокини 40-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 21-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дастгир карданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки онҳо нимаи аввали ҳамин рӯз духтарчаи навзодро ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ ба зани 30-солаи сокини шаҳри Гулистон фурӯхтаанд.
Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса нисбати боздоштшудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.





