Дар Суғд тифли навзодро 3 ҳазор $ фурӯхтанд

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар фурӯши тифли навзод рӯзи 3 август сокини 40-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 21-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дастгир карданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон,  муайян карда шудааст, ки онҳо нимаи аввали ҳамин рӯз духтарчаи навзодро ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар фурӯши тифли навзод рӯзи 3 август сокини 40-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 21-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дастгир карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон,  муайян карда шудааст, ки онҳо нимаи аввали ҳамин рӯз духтарчаи навзодро ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ ба зани 30-солаи сокини шаҳри Гулистон фурӯхтаанд.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса нисбати боздоштшудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.