Дар маркази шаҳри Душанбе корҳои кӯчонидани кинотеатри дорои таърихи 60-сола – «Ҷомӣ» шурӯъ шуд.
Сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти шаҳрдории пойтахт Қудратулло Файзуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷойи ин бино корҳои ободонӣ сурат гирифта, гулгаштҳо бунёд мешаванд. «Сипас дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ он бо майдони Дӯстӣ пайваст мешавад», – гуфт ӯ.
Кинотеатри Ҷомӣ дар шаҳри Душанбе 5 ноябри соли 1956 ифтитоҳ гардида, нахустин кинотеатри бузург дар Сталинободи он замон буд. Чунин кинотеатрҳо танҳо дар чор шаҳри Иттиҳоди Шӯравӣ – Маскав, Ленинград, Киев ва Ростов вуҷуд доштанд.





