С.Аслов: Ояндаи Афғонистон дар дасти худи мардуми он аст



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бар ин назар аст, ки нерӯҳои интизомиву амниятии Афғонистон бояд аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди пуштибонии молию низомӣ қарор гиранд.

Дар

мусоҳиба

ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» С.Аслов қайд кардааст, ки дар марҳалаи ҳассоси имрӯза, бахусус фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро, аз ҷумла «Давлати исломӣ» дар Афғонистон, ҳамкории васеъ ва амалии кишварҳо амри зарурист.

«Мо нақши калидии кишвари ҳамсояро дар таъмини амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хуб дарк намуда, аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва минтақа пуштибонӣ мекунем. Вале, бояд донист, ки ояндаи ин кишвар дар дасти худи мардуми он аст», – иброз доштааст ӯ.

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, кишварҳои ҷаҳон бояд, билохира, ин воқеиятро қабул намоянд, ки мардуми шарифи Афғонистон тайи чор даҳа қурбонии манфиатхоҳии абарқудратҳо гардидаанду ҳақ доранд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ба онҳо дар таъмини сулҳ кумак намояд.

«Бояд ҳама бидонем, ки аз ин беш идома ёфтани нооромӣ дар Афғонистон тамоми минтақа ва ҳатто шояд ҷаҳонро бо мушкилоти ҷиддие  рӯ ба  рӯ намояд. Набояд гузошт, то гурӯҳҳои ифротӣ бо суистифода аз вазъи ноороми кишвари ҳамсояи мо минтақаҳое аз онро ба майдони ташкил ва парвариши фикриву ҷисмии нерӯҳои ифротӣ барои саросари олам табдил диҳанд», – таъкид доштааст С.Аслов.

spot_imgspot_img

Популярное