Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи Бонки Эсхата

ҶСК «Бонки Эсхата» мисли дигар сохторҳои низоми бонкии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали 2016 санҷиши ҷиддиро барои устувории тиҷорат ва фаъолияти худ паси сар намуда истодааст. Бо итминон ва боварӣ гуфтанием, ки Бонки Эсхата на танҳо устувории молиявии худро исбот намудааст, балки вазъияти бӯҳрониро ҳамчун таҷрибаи нави рақобатпазир ва ҷалби таваҷҷӯҳи бештари мизоҷон ба даст меорад. […]

Иттилоияи расмӣ



ҶСК «Бонки Эсхата» мисли дигар сохторҳои низоми бонкии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали 2016 санҷиши ҷиддиро барои устувории тиҷорат ва фаъолияти худ паси сар намуда истодааст.

Бо итминон ва боварӣ гуфтанием, ки Бонки Эсхата на танҳо устувории молиявии худро исбот намудааст, балки вазъияти бӯҳрониро ҳамчун таҷрибаи нави рақобатпазир ва ҷалби таваҷҷӯҳи бештари мизоҷон ба даст меорад. Мо барои рушди ояндаи бомуваффақият таҳкурсии худро мустаҳкам намуда истодаем, то ки дар бозори молиявии кишвар мавқеи худро боз ҳам баланд бардорем.

Исботи устувории молиявии Бонк якчанд омилҳо гардиданд. Ҳавасмандӣ ва дараҷаи баланди касбияти кормандон, стратегияи андешакоронаи дарозмӯҳлат, муносибати баркашида ҳангоми таҳлили хавфҳо мебошад. Қобилияти Бонк ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйиротҳои бозори молиявӣ аз ҷумлаи онҳост.

Паст шудани вазъи иқтисодӣ ва паст шудани талабот ба қарз боиси он гардид, ки нишондиҳандаҳои молиявии бонк камшавиро дар бисёр самтҳо нишон диҳад. Вале ба ин нигоҳ накарда Бонки  Эсхата дороии муҳими худ боварии мизоҷонро нигоҳ доштааст. Дастгирии муносибати дарозмӯҳлат ба мизоҷон яке аз афзалиятҳои асосии фаъолияти бонк маҳсуб меёбад.

Ҳаҷми сармояи тавозунӣ дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ  125,30 млн сомониро ташкил додааст. Ҳамзамон ҳачми фоидаи соф  9,78 млн. сомониро ташкил додааст, ки 77,5% нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам гардидааст. Ҳаҷми дороиҳо ба 1595,9 млн. сомони расид, ки нисбати соли 2015  6,52% афзудааст.

Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ бақияи сандуқи қарзӣ бе назардошти ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ 7,13 % афзуда, 1 037,45 млн. сомониро ташкил медиҳад.  Аз ҷумла ҳиссаи қарзҳои хурд 661,81 млн. сомони буда,  камшавӣ ба 4,89%  дида мешавад. Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар шаш моҳи соли 2016  791,33 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 12,47% зиёд аст.

Давоми 6 моҳи соли 2016 баландшавии ҳаҷми пасандозҳо дар ҳаҷми 38,8%  ба назар мерасад ва он 663,03 млн. сомониро ташкил додааст.

Дар самти тиҷорати чакана афзалият бештар ба коркард ва ҷорӣ кардани хизматрасониҳои замонавӣ равона карда шуд, ки ҳадафи он бештар барои баланд бардоштани содиқияти мизоҷон иборат аст.

Ҷиҳати рушди тиҷорати чакана, махсусан кор бо кортҳои пластикӣ Бонк бомаром ба пешравӣ ноил гардида, сол аз сол шумораи дорандагони кортҳои пластикӣ зиёд гардида истодааст.  Давоми шаш моҳи соли 2016 шумораи кортҳои пластикии дар дасти аҳолӣ буда, 102 ҳазор ададро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,2% зиёд гардидааст. Барои таъмини саривақтии онҳо бо пули нақд дар ҳудуди кишвар 73 адад банкомат амал мекунанд.  

Ҳамасола Бонк бо ташкилотҳои байналхалқии хориҷӣ муносибати шариконаро ба роҳ мемонад ва идома медиҳад, то ки барои рушди сектори хусуси маблағҳои қарзӣ ҷалб намоянд. Бинобар вазъи имрӯзаи бозори молиявии кишвар ҳаҷми маблағгузорӣ низ нисбатан кам ба назар мерасад. Имрузҳо бақияи қарзҳои ҷалбшуда 561,7 млн. сомони буда, 9,91% нисбати соли гузашта кам аст.

Бо мақсади боз ҳам наздиктар шудан ба мизоҷони худ Бонк шабакаи филиалу нуқтаҳои хизматрасонии худро дар сатҳи даромаднокӣ нигоҳ дошта, барои сарвақтӣ қонеъ намудани талаботи мизоҷон бо хизматрасонии тезу босифат фаъолияти асосии худро равона сохт. Ба санаи 30 июни соли ҷорӣ шумораи филиалҳо 22 адад, марказҳои хизматрасонии бонкӣ  255 адад ва нуқтаҳои интиқоли пулӣ берун аз филиалу марказҳои хизматрасонӣ ба 137 адад расидааст.

Шумораи кормандони Бонки Эсхата то 30 июни соли ҷорӣ 2 992 нафарро  ташкил додааст, ки 5,11 % нисбати соли 2015 кам аст. Боиси қайд аст, ки ҳаҷми камкунии сафи кормандон амалан ба назар намерасад. Арзиши асосии Бонк дар ин радиф-эҳтироми якдигар, адолат, муносибати баробар бо кормандон ба ҳисоб меравад.

Бонки Эсхата ҳамеша барои ҷавобгуй будан ба талаботи мизоҷону шарикон кӯшиш мекунад ва дар ин радиф фаъолияти пурсамари худро идома дода, мавқеи худро дар бозори молиявии кишвар, ҳамчун яке аз бонкҳои пешрафта устувор нигоҳ медорад.

Тӯли 6 соли ахир Бонки Эсхата бо агентиҳои рейтингии байнулмилалӣ ҳамкорӣ дорад, ки рейтинги мустақилона доир намуда, ба нишондиҳандаҳои молиявии бонк баҳогузорӣ мекунанд. Ҳамин тариқ, давоми ин солҳо фаъолияти Бонки Эсхата аз ҷониби агентиҳои зерини рейтингӣ баҳогузорӣ шудааст:

А- (Микро-Кредитс Рейтинг Интернешнл, Ҳиндустон)

A- (Планет Рейтинг, Фаронса)

A- (Микрофинанса Рейтинг, Италия)

B3- (Мудис Инвесторс Сервис) (2011)

В3-(Мудис Инвесторс Сервис) (2012)

В3 (Мудис Инвесторс Сервис) (2013

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.