Шуҳрат барои омӯхтани равияи «Салафия» 5 сол ба зиндон рафт

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Шуҳрат Партоевро барои ҷонибдории ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) ва омӯхтани дарсҳои равияи динии ифротгаро (экстремистӣ)-и «Салафия» ба 5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Тавре ба «Азия-Плюс»» Фирӯз Султонзода, сухангӯи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар дод, Шуҳрат Партоев  бар асоси қисми дуюми  моддаи 307 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ))-и КҶ […]

Мавзуна Абдуллоева



Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Шуҳрат Партоевро барои ҷонибдории ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) ва омӯхтани дарсҳои равияи динии ифротгаро (экстремистӣ)-и «Салафия» ба 5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Тавре ба «Азия-Плюс»» Фирӯз Султонзода, сухангӯи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар дод, Шуҳрат Партоев  бар асоси қисми дуюми  моддаи 307 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ))-и КҶ Тоҷикистон гунаҳгор дониста шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Шуҳрат Партоев соли 2010  аз сомонаи интернетӣ таълимоти равияи «Салафия»-ро омӯхта, онро дуруст мешуморад ва ҳамчун аъзои ин равия бо мақсади паҳн намудани афкори он, тариқи телефони мобилӣ ба сомонаи интернетии барномаи иҷтимоии “Вотсап” (WhatsApp) даромада, ба гурӯҳи “ Ҳикмат-14”, ки дар он аз шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ «Устод Назратулло” ном шахси ба тафтишот номаълум дарс мегузарад, аъзо шудааст.

«Баъди аъзо шудан ба ин гурӯҳ аз барномаи  иҷтимоии «Вотсап» бо мақсади омӯхтан дарсҳои равияи экстремистии динии “Салафия”-ро дар хотираи телефони мобилии худ сабт ва он дарсҳоро азхуд карда, тарзу услуби намозгузории равияи динии “Салафия”-ро қабул мекунад», – гуфт  Ф. Султонзода.

Зимнан зикр гардид, ки Шуҳрат  бо  ҳамин бартарии ақидаи равияи “Салафия”-ро нисбат ба таълимотҳои мазҳаби суннатии дини Ислом, ки ҳазорсолаҳо аз ҷониби мусулмонони Тоҷикистон устувор гардидаанд, мухолиф гузошта, ба ташвиқу тарғиб ва пайравии таълимоти “Салафия” пардохтааст.

Қобили зикр аст, ки равияи динии «Салафия» дар асоси ҳалномаи Суди Олии  ҶТ аз санаи 08- уми декабри соли 2014 ҳамчун иттиҳоди экстремистӣ (ифротгаро) эътироф шуда, фаъолияти он дар қаламрави кишвар манъ аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.