Даъвати Э.Раҳмон ҷиҳати кумак ба кишварҳои ниёзманди гузаштан ба рушди устувор

Зимни   суханронӣ   дар маросими ифтитоҳи Симпозиуми байнулмилалӣ дар Душанбе оид ба масоили захираҳои об президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки дар шароити кунунӣ равшан аст, ки раванди гузариш ба рушди устувор барои бархе аз кишварҳои ҷаҳон мушкилу печида хоҳад буд. «Бино бар ин, роҳандозии талошҳои муштарак ва дасти  ёрӣ дароз  кардан ба […]

Asia-Plus



Зимни


 



суханронӣ



 


дар маросими ифтитоҳи Симпозиуми байнулмилалӣ дар Душанбе оид ба масоили захираҳои об президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки дар шароити кунунӣ равшан аст, ки раванди гузариш ба рушди устувор барои бархе аз кишварҳои ҷаҳон мушкилу печида хоҳад буд.

«Бино бар ин, роҳандозии талошҳои муштарак ва дасти  ёрӣ дароз  кардан ба он кишварҳое, ки дар ин масир ба мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд, гарави татбиқи комгоронаи Рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд хоҳад буд», – гуфт ӯ.

Дар робита ба ин Эмомалӣ Раҳмон дастгирии гурӯҳи кишварҳои дорои вазъияти вижа, аз ҷумла кишварҳои тараққикунандаи маҳсур бо хушкӣ ва хурди ҷазиравиро  ба хотири татбиқи барномаҳои миллии рушди онҳо муҳим арзёбӣ кард. 

Президенти мамлакат таъкид дошт, ки барои Тоҷикистон, ки дорои захираҳои маҳдуди замин мебошад, истифодаи оқилона ва босамари захираҳои об ҷиҳати таҳким бахшидан ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ба вижа коҳиши камбизоатӣ,   таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, инчунин тавсеи соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ аҳамияти бунёдӣ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки бино бар ин, дар Стратегияи рушди миллии кишвар, ки айни ҳол аз ҷониби коршиносон таҳриру такмил дода мешавад, мудирияти захираҳои об ҷойгоҳи шоиста дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.