Э.Раҳмон: Дар мудирияти захираҳои об таҳияи барномаҳои мушаххаси минтақавӣ зарур аст

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Симпозиуми байнулмилалӣ дар Душанбе оид ба масоили захираҳои об президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар мудирияти захираҳои обҳои минтақавӣ дар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бояд барномаҳои мушаххаси минтақавиро роҳандозӣ намоянд. Ба андешаи сарвари давлати Тоҷикистон, таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, метавонад […]

Asia-Plus



Зимни

суханронӣ

дар маросими ифтитоҳи Симпозиуми байнулмилалӣ дар Душанбе оид ба масоили захираҳои об президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар мудирияти захираҳои обҳои минтақавӣ дар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бояд барномаҳои мушаххаси минтақавиро роҳандозӣ намоянд.

Ба андешаи сарвари давлати Тоҷикистон, таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, метавонад кӯшишҳо дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди устуворро халалдор намояд.

«Тибқи арзёбиҳои муътамад, аз ҷумла тадқиқотҳои сохторҳои алоқаманди СММ, раванди болоравии ҳарорат дар сатҳи глобалӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, ин раванд метавонад ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ҳамасола то 2 триллион доллар зарар расонад», – гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки Тоҷикистон,  ки  дар қаламрави он то 60 дарсади захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул  меёбад, ҳамчунин  аз таъсири манфии тағйирёбии иқлим  дар канор намондааст.

«Дар давоми даҳ соли ахир қариб 30 дарсади ҳаҷми пиряхҳои Тоҷикистон об шудааст ва ин тамоюл идома дорад, – иброз дошт ӯ. – Тайи ин давра танҳо масоҳати пиряхи Федченко – бузургтарин пиряхи қитъавӣ дар Тоҷикистон – ба андозаи 2 километри мукааб ях  коҳиш ёфтааст».

Дар ҳамин ҳол, гуфт дар идома президенти Тоҷикистон, ҳамзамон, соли ҷорӣ бинобар камобӣ  пастшавии сатҳи оби  дарёҳои асосии минтақа, аз ҷумла Амударё  ва Сирдарё дар андозаи то 30 дарсад мушоҳида мешавад ва ин ҳолат ба ҷараёни обтаъминкунии кишварҳои ҳавза таъсирбахш аст.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт”

ба кори худ оғоз намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.