Боздошти сокини ноҳияи Рӯдакӣ барои қатли хоҳари ҳамсараш

Кормандони милитсия марди сокини 26-солаи ноҳияи Рӯдакиро ба гумони даст доштан дар қатли хоҳари хурдии ҳамсараш боздошт намуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда рӯзи 7 август ба шаҳри Қӯрғонтеппа омада, тахминан соати 21:30-дақиқа дар лаби канали обгузари “Ҷайҳун” бо хоҳари 17-солаи ҳамсараш, сокини ҳамин шаҳр вомехӯрад. «Сипас бо […]

Asia-Plus



Кормандони милитсия марди сокини 26-солаи ноҳияи Рӯдакиро ба гумони даст доштан дар қатли хоҳари хурдии ҳамсараш боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда рӯзи 7 август ба шаҳри Қӯрғонтеппа омада, тахминан соати 21:30-дақиқа дар лаби канали обгузари “Ҷайҳун” бо хоҳари 17-солаи ҳамсараш, сокини ҳамин шаҳр вомехӯрад.

«Сипас бо ӯ алоқаи ҷинсӣ карда, бо корди дасташ ба гулӯ ва дигар узвҳои баданаш 6-7 маротиба зарба задааст. Пас аз анҷом додани кирдори бераҳмона номбурда ҷасадро ба канали обгузари “Ҷайҳун” партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст», – омадааст дар хабари ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.