Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Покистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали террористӣ дар шаҳри Кветтаи Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки ба маргу захмишавии нафарони зиёд боис гардид, ба сарвазири ин кишвар Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки «хабари ҳамлаи даҳшатангезро дар шаҳри […]

Asia-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали террористӣ дар шаҳри Кветтаи Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки ба маргу захмишавии нафарони зиёд боис гардид, ба сарвазири ин кишвар Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки «хабари ҳамлаи даҳшатангезро дар шаҳри Кветта, ки муҷиби ҳалокати даҳҳо мардуми осоишта ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандон гардид, бо андӯҳу нафрати беандоза дарёфтам».

«Тоҷикистон ин амали маргталабонаи террористонро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифтротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд», – омадааст дар барқия.

Дар фарҷом сарвари давлати Тоҷикистон тасаллияти амиқи хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба аҳли наздикони фавтидагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комили хостааст.

Ёдрас мекунем, ки бар асари амали террористӣ дар назди дарвозаи бемористони шаҳри Кветта 93 нафар ҳалок ва беш аз 50 тан осеб диданд. Масъулияти ҳамларо яке аз воҳидҳои ҳаракати «Толибон» – Ҷамоат-ур-Аҳрор» ба дӯш гирифтааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.